Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ - ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар дидори хонаводаву аъзои Ситоди бузургдошти сардор Сулаймонӣ, гувоҳии Сайидҳасан Насруллоҳ ба унвони инсоне бебадилро дар бораи муҷоҳидати сардор Сулаймонӣ боби бузурге дар дарки аҳамияти кори сардор Сулаймонӣ дар эҳёи муқовимат баршумурданд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин мутаваққиф кардани ғоилаи бузурги ДИИШ ва задани бисёре аз решаҳои онро аз корҳои муҳими сардор Сулаймонӣ хонданду афзуданд: Шаҳид Сулаймонӣ дар он қазия ҳам имтиҳони хубе дод.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо қадрдонӣ аз фаъолиятҳои таҳсинбарангези сардор Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи ҷадиди неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфтанд: Маҷмӯаи муқовимат худашонро умқи роҳбурдии ҷумҳурии исломӣ ва пару боли Ислом медонанд ва ин ҳаракат дар ҳамин ҷиҳат идома хоҳад ёфт.
Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ сеюми январи 2020 дар ҳоле ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовизу террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, нойибраиси Басиҷи мардумии Ироқ (Алҳашдушшаъби) ва 8 нафар аз ҳамразмонаш ба шаҳодат расид.
342/